сиёҳ

сиёҳ
I
[سياه]
1. ҳар он чи ба ранги ангишт бошад; муқоб. сафед
2. торик, тира; муқоб. равшан
3. одами сиёҳпӯст; абри сиёҳ абри бороновар; зоғи сиёҳ ҷинси маълуми акка; кори (меҳнати) сиёҳ кори меҳнатталаби ҷисмонӣ, кори коргари бетахассус; моли сиёҳ барзагов ва гови калони шохдор; пули сиёҳ сиккаи мисӣ, пули майдаи камқимат; равғани сиёҳ мазут; рӯзи сиёҳ рӯзи бадбахтӣ ва фалокат, рӯзи пур кулфату андӯҳ, умуман азоб, машаққат, бадбахтӣ, тангдастӣ; зари сурхам ба рӯзи сиёҳам (зарб.); тахтаи сиёҳ а) тахтаи хатнависӣ дар синф; б) тахтае ки номи қафомондагони кор навишта мешавад. хати сиёҳ хате, ки хабари марг ё кушта шудани касеро (хусусан дар ҷанг) мерасонад, хати мотам; чароғи сиёҳ чароғи пилтасӯз, ҷинчароғ; дил сиёҳ будан а) бадхоҳ, бадандеш будан; б) хафа ва дилгир будан; дили касеро сиёҳ кардан ба касе хабари нохуше расонда, ё гапи ноҷӯре зада ӯро дилгир кардан; як пули сиёҳ надоштан ҳеҷ пул надоштан; сиёҳ задан(чашм) якбора чизеро дида натавонистан; чашм сиёҳ рафтан пеши чашм тираву тор шадан; рӯ сиёҳ шудан шарманда ва бадмон шудан; сиёҳ кардан а) бо ранги сиёҳ ранг додан; ба сиёҳӣ олонидан; б) айбдор кардан, бадном кардан; сиёҳ пӯшидан мотам гирифтан
II
[صياح]
а
1. бонг, ҷеғ, фарёд, овози баланд
2. бонги хурӯс
III
[سياه]
зангӣ, сиёҳпӯст

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужно решить контрольную?

Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»